22.01.2021

Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!

Даъватномаи иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар

оид ба интизориҳои таваррум.

Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, тел: (44) 600 3145, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатӣ бо аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват менамояд (Е-mail:fsalimov@nbt.tj).

1.Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.

2.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 12.02.2021

Вазифаҳои техникӣ

  • Шумораи респондентон 1500 нафар, интихоби тасодуфӣ, фарогирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, дар як сол чор маротиба, ҳар семоҳа;
  • Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;

  • Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;

  • Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбандӣ карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;

  • Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel инчунин ҳисоботи таҳлилӣ формати Word ва Power Point.

Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.

Диданд: 2

Attachments

  • Original document
  • Permalink

Disclaimer

National Bank of the Republic of Tajikistan published this content on 22 January 2021 and is solely responsible for the information contained therein. Distributed by Public, unedited and unaltered, on 22 January 2021 16:55:03 UTC